Хубрӯён чу рух ҳаме пӯшанд
Ошиқон дар талаб ҳаме кӯшанд
Ёфт анқо ба азлату даврӣ
Қоф то қофи номи мастурӣ
Ҳар ки ӯ азлат ихтиёр накард
Даст бо дӯст дар канор накард
Хунаки онкас ки ӯ бурид аз халқ
Доман ва рӯй дар кашид аз халқ
Кор агар бо худоат хоҳад буд
Ин таъаллуқ балот хоҳад буд
Тифли маънӣ ба коми парварда
Нашавад ҷузи дарин пас парда
То ту андари миёни анбӯҳӣ
Рӯзу шаб дар азобу андӯҳӣ
Гурги озоди ресмон дар ҳалқ
Кист ? хилват нишин дил бо халқ
Дил махон , эй писар , ки дувал буд
Онкӣ дар чоҳи халқи гӯл буд
Рисмонисти сусти сӯрати ҷоҳ
Ту ба ин ресмони Марв дар чоҳ
Чун ба хилват рӯй мабар бо хеш
Фикри асбоби сӯрат , аз кам ва беш
Чун набӣ давр шуд зи байъу шарӣ
Кунҷ хилват гузиду ғори ҳурӣ
Иззати ғор буду азлати шаҳр
Мунтаҷи айши умру ъушрати даҳр
Моҳи икшб ки дар бирав бастанд
Мардум ӯро зи бомҳо ҷустанд
Худ зи азлат зиён набинад кас
Каз хмўшисти суди азлату бас