Чу дид он ошиқи дилсӯзи хаста

Ҳумоюни номаи ёри хуҷаста

Ба ҷӯш омад дилаш аз дарду андӯҳ

Рахш чун коҳи гашту ғусса чун кӯҳ

зи нав оғоз кард афғону зорӣ

Ба зорӣ гуфт бо боди баҳорӣ