Мӯҳтасиб , мастӣ ба раҳ дид ва гиребонаш гирифт

Маст гуфт : эй дӯст ! ин пероҳанаст , афсор нест !

Гуфт : мастӣ , зон сабаби афтон ва хезон мерӯй

Гуфт : ҷурми роҳ рафтан нест , раҳ ҳамвор нест

Гуфт : май бояд туро то хонаи қозӣ барам

Гуфт : рӯи субҳи ой , қозии нимаи шаб бедор нест

Гуфт : наздикаст волиро сарой , онҷо шавем

Гуфт : волӣ аз куҷо дар хона хумор нест ?

Гуфт : то доруғаро гӯйем , дар масҷид бихоб

Гуфт : масҷиди хобгоҳи мардум бадкор нест

Гуфт : динорӣ бидиҳ пинҳон ва худро вораҳон

Гуфт : кори шаръ , кори дарҳам ва динор нест

Гуфт : аз баҳри ғаромат , ҷомаи ?ут берун кунам

Гуфт : пусидаи сет , ҷузи нақшии зи пуд ва тор нест

Гуфт : огаҳи нестӣ каз сар дар афтодат кулоҳ

Гуфт : дар сари ақл бояд , бекулоҳӣ ор нест

Гуфт : мебисёр хӯрдӣ , зон чунин бихўд шудӣ

Гуфт : эй беҳудаи гӯ , ҳарф кам ва бисёр нест

Гуфт : бояд ҳад занад ҳушёри мардум , маст ро

Гуфт : ҳушёрӣ биор , ӣнҷо касе ҳушёр нест