Субҳ омаду мурғи субҳгоҳӣ
Зад нағма , биёади аҳди дерин
Хафоаш бирафт бо сиёҳӣ
Шуд пар эй рӯз , заррин
Дар чашма , бшўқи ҷусти моҳӣ
Шабнам бинишаст бар раёҳин
Шуд вақти раҳилу марди роҳӣ
Биниҳод бар асби хештан , зин
Ҳар маст ки буд , ҳушёр аст
Канданд зи боғ , хору хас ро
Гардид чаман , зумуррадин ранг
Дуздед чу деви шаб , нафас ро
Хобид зи хастагӣ , шбоҳнг
Ҳангоми саҳар , дар қафас ро
Бишикаст ва парид сайди дилтанг
Бар сар нарсонда ин ҳавас ро
Бар пош расед ногаҳони санг
Ин одати давр рӯзгор аст
Орост бисоти осмонӣ
Аз ҷилвагарӣ , хури ҷҳонтоб
Бигурехт ситораи ямонӣ
Аз боғу чаман , парид маҳтоб
Рухшанда чу оби зиндагонӣ
Ҷӯшед зи санг , чашмаи об
Ваон масти шароби арғавонӣ
Махмур фитод ва монад дар хоб
Мастӣ шуду навбат хумор аст
эй мурғак ром гашта дар дом
Бархез ки домро гусастанд
Пар мезан ва дар сипеҳри бхром
Каз пари шикани ту , пари шикастанд
Бас чун ту , парандагони гумном
Ҷустанди раҳи халосу ҷустанд
Бо кӯшишу саъии худ , саранҷом
Дар гӯша офият нишастанд
Кӯшнда ҳамеша растгор аст
Ҳамсояи боғ ва бӯстон бош
То чанд канораи мигзинӣ
Чун чеҳраи субҳ , шодмон бош
То чанд малул менишинӣ
Ҳам суҳбати мурғ субҳ хон бош
То чанд нижандӣу ҳазинӣ
Чолоку далер ва кордон бош
Дар вақти ҳсоду хӯшаи чинӣ
Осоиши коргари з кор аст
Онгуна биппар , ки пар нарезӣ
Дар домани рӯзгор , санг аст
Бисёр макун баланди хезӣ
КоФтодни неки ном , нанг аст
Гар сулҳ кунӣ вагар ситезӣ
Ин нақш ванигор , рию ва ранг аст
Гар сари бунаӣ вагар гурезӣ
Шоҳини сипеҳр , тез чанг аст
Сайёди замона , ҷоншкор аст
Бар шохаи сурхи гул , макун ҷой
Кони ҳосили ранҷ боғбон аст
Минқори зи барги гул , мёроӣ
Гул , зевари чеҳр бӯстон аст
Дар норван , ошиёна манимоӣ
Баргаш машкан , ки соябон аст
Аз бомаки паст , донаи мураббоӣ
Кони дона барои мокиён аст
ӯ тоӣри баста дар ҳисор аст
Аз миваи боғ , чашм бар банд
Хуш нест дарахти мива бе бор
Бо рӯзии хеш , бош хурсанд
Роҳӣ ки на роҳи тест , мспор
Онҷо ки парасту ҳалқау банд
Дом ситамаст , пой магузор
Фарзаст ниёзмударо панд
Ва огоҳи намӯданаши зи асрор
Яғмогару дузд , бешумор аст
Озӯқаи хеш , кун фароҳам
Зон мива ки хушк карда деҳқон
Гуҳи дона буд зиёду гуҳ кам
Ҳамвора фалак нагашта яксон
Бегул , нашуд ошиёнаи муҳкам
Бепоя , баҷо намонад бунён
Андӯд накардаеу тарсим
Вайрона шавад зи барфу борон
Ҷовид на мавсим баҳор аст
Дар лона дигарон манеҳ гом
Хошоки бабр , бисоз лона
Беранҷ , касе наёфт ором
Бесаъй , нахурд мурғи дона
Зиштаст зи халқ хостани вом
То ҳаст захирае ба хона
Аз дасти мада , бФкрти хом
Амнияти малики ошиёна
Ин пояи хирад , устувор аст
Хуши субҳдамӣ , агар туоне
Бар доман марғзор биншин
Чун дар раҳи давр , дайри Монӣ
Болу пари ту , кунанд хунин
Гар расму раҳи фирори доне
Чун фитна расад , ту рахт бар чин
Ин нукта , чу дарси зиндагонӣ
Овеза гӯш кун , ки парвин
Дар дӯстии ту пойдор аст