эй хуш аз тани кӯч кардан , хона дар ҷони доштан
Рӯй монанди парӣ аз халқи пинҳони доштан
Ҳамчуи исо бепар ва бебол бар гардун шудан
Ҳамчуи иброҳӣм дар оташи гулистони доштан
Киштии сабри андарин дарё афкандан чу Нӯҳ
Дидау дили фориғ аз ошӯби тӯфони доштан
Дар ҳуҷум тарк тозону камондорони ишқ
Синае омодаи баҳри тирборони доштан
Равшанӣ додани дили торикро бо нури илм
Дар дили шаб , партави хуршеди рахшони доштан
Ҳамчуи покон , ганҷ дар кунҷ қаноат ёфтан
Мӯри қонеъ бӯдану малики сулаймони доштан