Он қисса шунидед ки дар боғ , яке рӯз

Аз ҷаври табар , зор бинолед сапедор

Каз ман на дигар бех ва банӣ монад ва на шохӣ

Аз тешаи ҳизуми шикану арраи наҷҷор

Ин бо ки тавон гуфт ки дар айни баландӣ

Даст қадарам кард банногоҳи нигунсор

Гуфташ табари оҳиста ки ҷурми ту ҳамин бас

Кин мавсими ҳосил буд ва нест турои бор

То шом науфтод садои табар аз гӯш

Шуд тӯда дар он боғ , саҳари ҳема бисёр

Деҳқон чу танури худ азин ҳема барафрӯхт

Бигирист сапедор ва чунин гуфт дигар бор

Оўх ки шудам ҳизуму оташгари гетӣ

Андоми марои сӯхти чунин зи оташи идбор

Ҳар шоха ам афтод дар охир ба танурӣ

Зини ҷома на як пуд баҷо монад ва на як тор

Чун решаи ман канда шуд аз боғу бхшкид

Дар сафҳаи айём , на гули бод ва на гулзор

Аз сӯхтани хеши ҳамеи зорам ва гарем

Онро ки бисӯзанд , чу ман гиря кунад зор

Кӯи давлату фирӯзӣу осоишу ором

Кӯи даъвии дирузӣ ва он пояу миқдор

Хандид бирав шуъла ки аз даст ки нолӣ

Ночизе ту кард бадингуна туро хор

Он шох ки сар бар кашад ва мива наёрад

Фарҷом ба ҷуз сӯхтанаш нест сазовор

Ҷузи дониш ва ҳикмат набӯд миваи инсон

эй миваи фуруши ҳунар , ин даккау бозор

Аз гуфта нокардаи беҳуда чаҳ ҳосил

Кирдор накӯ кун , ки на сўдисти зи гуфтор

Осон гузарадгар шабу рӯзу мау солат

Рӯзи амалу музд , буд кори ту душвор

Аз рӯзи нахустин агарат санги гарон буд

Даври фалакати пасти нмикрду сбксор

Имрӯз , сарафрозии дайро ҳунарӣ нест

Мебояд аз имсол сухан ронад , на аз пор