Гуфт бо занҷир , дар зиндони шабии девона Эй

Оқилон пайдост , каз девонагон тарсида анд

Ман бад-ӣни занҷири арзидм ки бастандам ба пой

Кош мепурсед кас , к-эйашон ба чанд арзидаҳ анд

Дӯши сангӣ чанд пинҳон кардам андари остин

эй аҷаб ! он сангҳоро ҳам зи ман дуздида анд

Санг медузданд аз девона бо ин ақлу рой

Мабҳаси фаҳмиданиҳоро чунин фаҳмида анд

Оқилон бо ин киёст , ақли дурандеш ро

Дар тарозуӣ чу ман девонае санҷида анд

Аз барои дидан ман , борҳои гаштанди ҷамъ

Оқиланд оре , чу ман девонаи камтар дида анд

Ҷумларо девонаи номидам , чу багушӯданд дар

Гар бадаст , эшон бад-ӣни номам чаро номида анд

Кардаанд аз биҳшӣ бар хондани ман ханда ҳо

Хештан дар ҳар макон ва ҳар гузар рақсида анд

Ман яке ойӣнаам кандар ман ин девонагон

Хештанро дида ва бар хештан хандида анд

Оби соф аз ҷӯй нӯшедам , марои хонданди паст

Гарчи худ , хӯни ятему перзан нӯшида анд

Холӣ аз ақланд , сарҳое ки санги мо шикаст

Ин гуноҳ аз санг буд , аз ман чаро ранҷида анд

Ба ки аз ман боз бустонанду заҳмат кам кунанд

Ғайри азин занҷир ,гар чизе ба ман бахшида анд

Санг дар доман ниҳандам то дар андозам ба халқ

Ресмони хешро бо дасти ман тобида анд

Ҳеҷ пурсишро нахоҳам гуфт зини соъати ҷавоб

Зон ки аз ман хирау беҳуда , бас пурсида анд

Чӯби дастиро наҳафтум дӯши зери бӯрё

Аз саҳар то шомгоҳон , аз пеш гардӣда анд

Мо намепӯшем айби хеш , аммо дигарон

Айб ҳо доранд ва аз мо ҷумларо пӯшида анд

Нангҳо дидеми андари дафтару тӯморашон

Дафтару тӯмори моро , зон сабаб печида анд

Мо сбксорим , аз лғзидни мо чора нест

Оқилон бо ин гаронсангӣ , чаро лағзида анд