Доне ки аз ҳиҷрони ту бар мо чаҳ шаб ҳо бугзарад

Як шаби зи ҳиҷр чун туегар бар ту чун мо бугзарад

Ҳар ҷо ки рӯзӣ дидаам кони сарв боло бугзарад

Ҳар рӯз онҷо бигузарам шояд ки онҷо бугзарад

Ҳар рӯз ва ҳар шаб бигузарам танҳо ба кӯй ӯ ки ӯ

Шояд ки рӯзӣ ё шабӣ зон роҳ танҳо бугзарад

ӯ нагзарад сӯии ман ва ҳар рӯзи ман дар роҳ ӯ

Комрўзи сӯии ман агар нагузашт фардо бугзарад

Носеҳи зи кӯии он писар манъам тавонад кард агар

ӯро фитад рӯзии гузари онҷои ваз онҷо бугзарад

Аз сахтӣ ҷон канданам огаҳ кунед он шӯх ро

Тифласт шояд бар серуми баҳр тамошо бугзарад

Дармон дардам кун кунун варна пушаймон май шӯй

Вақте ки бемори туро кор аз мудово бугзарад

Бо мо бисоз эй бе вафои рӯзу шабӣ каз баъди мо

Бисёр ояд рӯзҳо , бисёр шаб ҳо бугзарад

Нолад чу қамарӣ ҳар тарафи мурғи дилам аз шавқ ӯ

Домани кашон ҳар ҷои рафиқи он сарв раъно бугзарад