Ҳаргиз ба дилами ёди ту эй моҳ наомад

Каз дил ба лабами нола ӣ ҷонкоҳ наомад

Дар хонаам он моҳ наомад аҷабӣ нест

Дар хона ӣ дарвеш агар шоҳ наомад

Бар ҳар сари роҳӣ ки маро дид аз он пас

Бор дигар он шӯх аз он роҳ наомад

Гоҳе бар ман омадӣ он моҳ вале ғайр

То кард зи ҳоли маниш огоҳ наомад

Нишинад касе нола ӣ зорами шаби ҳиҷрон

Каз нола ӣ ҷони сӯзи маниш оҳ наомад

Дигар чаҳ ба ӯ нома фиристам ки фиристод

Сад нома ки меоем ва он гоҳ наомад

Гуми гашти рафиқ ар ба раҳи ишқ аҷаб нест

Ҳар кас ба сафар рафт аз ин роҳ наомад