Бовар кас нашавад қисса ӣ бемории дил

То гирифтор нагардад ба гирифтории дил

Ёр бераҳм ва ба ҷони ман зи гирифтории дил

Кист ёрон ки дар ин ҳол кунад ёрии дил

Ману дил зор чунонем ки шаб ҳо накунанд

Мардум аз зории ман хоби ман аз зории дил

Дили ман рӯз наёсоед аз ин чашми пуроб

Чашми ман шаб накунад хоби зи бедории дил

Дили гаронами зи ғам даҳр биовар соқӣ

Қадаҳӣ чанд май аз баҳри сбкбории дил

Бскаҳ дар зулфи ту дилҳои парешон ҷамъаст

Шонаро роҳ дар он нест з бисёре дил

Чун нигаҳ дорам аз он рашки парии дил ки рафиқ

Пеш ӯ ҳад башар нест нигаҳдории дил