Гар нест ба ёрони зи вафои ёр , мусоҳиб

Ғам нест агар нест ба ағёр , мусоҳиб

Имрӯз мусоҳиб набӯд ёр ба ағёр

Каз аҳд қадиманд гулу хор , мусоҳиб

Акнӯн зи маниши ор буд оҳ куҷо рафт

Он рӯз ки будем ману ёр , мусоҳиб

Бемор шудам сад раҳу исои нафаси ман

Якбор нашуд бо ман бемор , мусоҳиб

Безор шуд аз зории ман балки зи ман ҳам

Ҳар кас ки дамӣ шуд ба ман зор , мусоҳиб

Кам лутфи рафиқ ар бтў бошад аҷабӣ нест

Он шӯх ки дорад чу ту бисёр , мусоҳиб