Ба ман ҳар кори он пуркор карда аст

зи кори омӯзӣ - ағёр - карда аст

На корам буд ишқ ва ин аҷаб нест

Ки ишқи ин корҳо бисёр карда аст

Чунин оташ ба ҷон аз оташи ишқ

Марои он оташин рухсор карда аст

Ба чашм тар бинозам кони гули ашк

Сари кӯии туро гулзор карда аст

Макаши домани зи ман эй гул ки ҳар кӯ

Туро гул карда моро хор карда аст

Хизрро ҳасрати лаби ташнагонат

зи оби зиндагӣ безор карда аст

Ба кӯяш тавба кун зоҳид ки умрӣаст

Рафиқ аз тавба истиғфор карда аст