Ба тан то ҷони ғами Фрсўд ман ҳаст

Ғаму дарди туам дар ҷон ва тан ҳаст

Ту он Лайлии ширинӣ ки ҳар сӯ

Садат маҷнӯни ҳазорат кӯҳкан ҳаст

На чун рухсор ва на чун қомати ту

Гулӣ дар боғу сарвӣ дар чаман ҳаст

зи ёқӯбу Зулайхогар ба олам

Ҳадиси Юсуфи гул перҳан ҳаст

Азизи ман чу ёқӯбу Зулайхо

Туро ошиқи басӣ аз мард ва зан ҳаст

Ба базмӣ нест ҳоҷати партави шамъ

Ки он чашму чароғ анҷуман ҳаст

Нагӯяд то сухани он ғунча лаб нест

Касеро ин гумони конро даҳан ҳаст

Маро бо ёр , ёрои сухан нест

Рафиқи арнаҳ ба ёрами сад сухан ҳаст