Чун шафақ гарчи марои бодаи зи хӯн ҷигар аст

Дил озодаам аз субҳи трбнок тар аст

Ошиқии мояи шодӣ буду ганҷи мурод

Дили холии зи муҳаббат , садаф бегуҳар аст

Ҷилваи барқи шитобанда буд ҷилваи умр

Магзар аз бодаи мастона ки шаб дар гузар аст

Лаб фурӯбастаам аз нолау фарёд вале

Дил мотам зада дар синаи ман навҳа гар аст

Гиряу хандаи оҳистау пайвастаи ман

Ҳам чу шамъи саҳар , омехта бо икдгр аст

Доғи ҷони сӯзи ман аз ханда хунин пайдост

эй басои ханда ки аз гиря , ғам ангезтар аст

Хоки Широз ки сарманзил ишқасту умед

Қиблаи мардуми соҳиби дилу соҳиб назар аст

Сархуш аз нолаи мастона саъдӣаст раҳе

Ҳама гӯйанд вале гуфта саъдӣ дигар аст