Ёфтам равшандилӣ аз гиряҳои ним шаб
Хотирӣ чун субҳ дорам аз сафои ним шаб
Шоҳиди маънӣ ки дил сар гашта аз савдоӣ ӯст
Ҷилва бар ман кард дар хилвати сарои ним шаб
Дар дили шаби домани давлат ба даст омад маро
Ганҷ гавҳар ёфтам аз гиряҳои ним шаб
Дигарами улфат ба хуршеди ҷаҳон афрӯз нест
То дили дард ошно шуд ошнои ним шаб
Ним шаб бо шоҳид гулбун даромезад насим
Буии оғӯш ту ояд аз ҳавои ним шаб
Нест ҳоле дар дили шоири хаёли ангезтар
Аз сукути хилвати андешаи зои ним шаб
Бо умеди васл аз дарди ҷудоӣ бок нест
Корвон субҳ ояд аз қафои ним шаб
Ҳамчуи гули имшаби раҳе аз пой то сар гӯш бош
То сароем қиссае аз моҷарои ним шаб