Насими васл ба афсурдагон чаҳ хоҳад кард ?
Баҳори тоза ба барги хазон чаҳ хоҳад кард ?
Ба ман ки сӯхтам аз доғи меҳрбонии хеш
Фироқу васли ту номеҳрбон чаҳ хоҳад кард ?
Сарои хона ба дӯшии ҳисор офият аст
Сабо ба тоир беошён чаҳ хоҳад кард ?
зи файзи абр чаҳ ҳосили гиёҳи сӯхтаро ?
Шароб бо ман афсурдаи ҷон чаҳ хоҳад кард ?
Макун талош ки натавон гирифт домани умр
Ғубори бодия бо корвон чаҳ хоҳад кард ?
Ба боғ хулд нёсуд ҷони алавии мо
Ба ҳайратам ки дар ин хокдон чаҳ хоҳад кард ?
Сафои бодаи равшани зи ҷӯш сина ӯст
Ту чораи сози худии осмон чаҳ хоҳад кард ?
Ба ман ки аз ду ҷаҳони фориғам ба давлати ишқ
Раҳеи маломати аҳли ҷаҳон чаҳ хоҳад кард ?