Ба сӯии мо гузори мардум дунё наме уфтад

Касе ғайр аз ғами дерин ба ёд мо наме уфтад

Манам мурғӣ ки ҷуз дар хилвати шаб ҳо наме нолад

Манам ашкӣ ки ҷуз бар хирмани дил ҳо наме уфтад

зи бас чун ғунча аз поси ҳаёи сар дар гиребонам

Нигоҳи ман ба чашми он сеӣ боло наме уфтад

Ба пои гулбунӣ ҷон додаам аммо наме донам

Ки меуфтад ба хоками сояи гул ё наме уфтад

Равад ҳар зарраи хокам ба дунболи парии рӯе

Ғубори ман ба саҳрои талаб аз по наме уфтад

Муроди осон ба даст ояд вале нӯшин лабии ҷуз ӯ

Писанди хотири мушкили писанд мо наме уфтад

Ту ҳам бо срўболоиии сиррии дорӣу савдое

Каманди орзӯи бурҷони ман танҳо наме уфтад

Насиб соғар мешуд лаби ҷонона бӯсидан

Раҳеи домони ин давлат ба даст мо наме уфтад