Вой аз ин афсурдагони фарёди аҳли дарди кӯ ?

Нолаи мастонаи дилҳои ғами пурвирди кӯ ?

Моҳи мҳроиин ки мезад бода бо риндон куҷост

Боди мишкӣни дам ки буи ишқ меоварад кӯ ?

Дар биёбони ҷунун саргаштаам чун гирдбод

Ҳамраҳе бояд марои маҷнӯни саҳрогарди кӯ ?

Баъди маргам мекашон гӯйанд дар майхона ҳо

Он сияҳи мастӣ ки хамҳоро тиҳӣ мекард кӯ ?

Пеши амвоҷи ҳаводиси пойдорӣ саҳл нест

Мард бояд то наяндешад зи тӯфони марди кӯ ?

Дардмандонро дилӣ чун шамъ май бояд раҳе

Гар нае бе дарди ашки гарму оҳи сарди кӯ ?