Ҳоли ту равшанаст дило аз малоли ту
Фарёд аз дилӣ ки насузад ба ҳоли ту
эй нӯши лаб ки бӯса ба мо кардае ҳаром
Гар хӯни мо чу бода банушӣ ҳалоли ту
Ёрон чу гул ба соя сарв орамида анд
Моу ҳавои қомат бо эътидоли ту
Дар чашми каси вуҷӯди заъифам падед нест
Бози о ки чун хаёл шудам аз хаёли ту
Дар кори худ замонаи зи мо нотавон тар аст
Бо нотавонтар аз ту чаҳ бошад ҷидоли ту ?
Хори забони дароз ба гул таъна ме занад
Дар чашми сифлаи айб ту бошад камоли ту
Носози гашти нағмаи ҷонпарварат раҳе
Бояд ки даст ишқ диҳад гӯшмоли ту