Ситораи шуълае аз ҷони дардманд ман аст

Сипеҳри оятӣ аз ҳиммати баланд ман аст

Ба чашми аҳли назари субҳи равшанами зон рӯй

Ки тозаи рӯеи олами зи нӯшханд ман аст

Чигуна рози дилами ҳамчуи не ниҳон монад ?

Ки доғи ишқи ту пайдои зи банди банд ман аст

Дар оташ аз дил озодаам вале ғам нест

Писанди хотири озодагони писанд ман аст

Раҳе ба мушти ғуборӣ чаҳ илтифот кунам ?

Ки офтоби ҷаҳони тоб дар каманд ман аст