Чун субҳи нўдмидаҳи сафо густараст ашк
Равшантар аз ситора равшангараст ашк
Гавҳар агар зи қатра борон шавад падед
Бо офтобу моҳи зи як гавҳараст ашк
Бо ашки ҳам асар натавон хонд нола ро
Ғам парвараст нолау ҷон парвараст ашк
Боради азуи латофату тобади азуи фурӯғ
Чун гӯии синаи бути симин бараст ашк
Хотири фиребу гарму диловезу тобнок
Ҳамранги чеҳраи ту парӣ пайкараст ашк
Аз доғи оташини лаби соғрнўози ту
Дар ҷони мости оташ ва дар соғараст ашк
Бо дардманди ишқи ту ҳамхонааст оҳ
Бо ошнои чашми ту ҳам бистараст ашк
Лаби бастае зи гуфтани рози ниҳони раҳе
Ғофил ки аз забони ту гуётараст ашк