Чашм фурӯбаста агар во кунӣ
Дар ту буд ҳарчӣ таманно кунӣ
Офият аз ғайри насиб ту нест
Ғайри ту эй хастаи табиб ту нест
Аз ту буд роҳати бемори ту
Нест ба ғайр аз ту парастори ту
Ҳамдами худ шӯ ки ҳабиби худӣ
Чора худ кун ки табиби худӣ
Ғайр ки ғофили зи дил зор туаст
Бехабар аз маслиҳат кор туаст
Бар ҳазар аз маслиҳат андеш бош
Маслиҳати андеши дил хеш бош
Чашм басират нагушойӣ чаро ?
Бехабар аз хеш чарое ? чаро ?
Сайд ки дармондаи зи ҳрсў шудаи сет
Ғифлат ӯ доми раҳ ӯ шудаи сет
То раҳи ғифлати супурди пои ту
Дом буд ҷои ту эй вои ту
Хоҷаи мқбл ки зи худ ғофилӣ
Хоҷа нае бандаи номқблӣ
Аз раҳи ғифлат ба гадои рисӣ
Вар ба худ ое ба худои рисӣ
Пери тиҳии кӣса бехона Эй
Дошт макон дар дили вайрона Эй
Рӯз ба дарюзагӣ аз бахт шавам
Шом ба вайронаи даруни ҳамчуи бум
Ганҷи зарӣ буд дар он хокдон
Чун парӣ аз дидаи мардуми ниҳон
Пои гадо бар сари он ганҷ буд
Лек зи ғифлат ба ғаму ранҷ буд
Ганҷи сифати хона ба вайрона дошт
Ғофил аз он ганҷ ки дар хона дошт
Оқибат аз фоқау андӯҳу ранҷ
Марди гадои мард ва ниҳон монад ганҷ
эй шудаи нолони зи ғаму ранҷи хеш
Чанд надории хабар аз ганҷи хеш ?
Ганҷ ту бошад дили огоҳи ту
Гавҳари ту ашки саҳаргоҳи ту
Мояи умеди мадони ғайр ро
Каъба ҳоҷот махон дайр ро
Ғайри зи дилхоҳи ту огоҳ нест
Зон ки дилиро ба дилӣ роҳ нест
Хоҳиши марҳами зи дил риш кун
Ҳарчӣ талаб мекунӣ аз хеш кун