Бо он ки ҳамчун ашки ғам бар хоки раҳ афтодаам ман

Бо он ки ҳар шаби нолаҳо чун мурғи шаб сар додаам ман

Дар сар надорам ҳавасӣ , чашмӣ надорам ба касе , озодаам ман

Бо он ки аз бе ҳосилии сар дар гиребонам чу гул

Шодам ки аз равшани дилии покизаи домонам чу гул

Хандони лабу хунини ҷигар монанди ҷом бодаам озодаам ман

ё раб чун ман афтодае кӯ ?

Афтодаи озодае кӯ ?

То рафта аз ҷонами бурун савдоӣ ҳастӣ ,

Осӯдаам осӯда аз ғавғоӣ ҳастӣ

Гулбонги мастии офарин ҳамчун раҳе сар додаам ман

Мурғи шаби оҳангам вале дар доми ғам афтодаам ман

Хандони лабу хунини ҷигар монанди ҷом бодаам , озодаам ман