Ҳаркиро бар сари зи савдои ватани афсар буд
Ҳркҷо бошад тании аҳли ватанро сар буд
Ҳарки аз меҳан сухан гуяд каломаш дилрабост
Нағмаҳои булбули ин боғи рангинтар буд
Ҳарки аз ном ватан дорад калом ӯ нишон
Номаши охири зинати авроқ ҳар дафтар буд
Ҳаркии баҳри зебу зевар рӯ нтобад аз ватан
Чеҳраи моам ватанро зинату зевар буд
Онкӣ аз роҳи хиёнати сарвари ҷамъӣ шуда аст
Зон буд арбоб , кони арбобро нукар буд
Онкӣ дар ҳар кор май рақсад ба сози аҷнабӣ
Тозагар ширин бирақсад лингаи антар буд
Меҳри меҳан , партави мардонагӣ , азмии қавӣ
Ин се то танҳо давои дарди ин кишвар буд