Ба ман он ма дигар имшаб насозад

Гули нозук ба тоб ва таб насозад

Бғир аз ман чунин ё раб насузад

Бғир аз ту чунин , ё раб насозад

Аз он тораст ин олами бчшмм

Ки хуршеди ҷаҳон бо шаб насозад

Насозад зоҳид ар бо мо аҷаб нест

Ки халқи танг бо машраб насозад

Насоз ҳечкас бо соҳиби дил

Ки худро ҳеҷ ҷо соҳиб насозад

Ту бедорӣу олами ҷумла дар хоб

Разӣ акнӯн чаро матлаб насозад