Шаби дӯшами ҷамолӣ дар назар буд

Казу ҳар зарраи хуршед дигар буд

Таъаммул дар Рахш чндонкаҳ кардам

Малоҳат аз малоҳат , бештар буд

Саҳар ошуфта дидам шоми зулфаш

Аҷаби шомӣ ? ки бар рӯй саҳар буд

Магари дӯшинаи шаб бар бом будӣ

Ки баҳр ва бар пар аз шамсу қамар буд

Нишастам то камар дар хӯни дида

зи мўӣӣ ки парешон то камар буд

Надидам модарӣ хуршед зояд

Туро модари магари хуршедгар буд

Чунон андеша ҳасанаш кунад кас

Ки аз андеша бисёре ба дар буд

Тиҳӣ майхона кард ва дар хумор аст

Разӣ каз буи май зеру зибр буд