Аз фузалоу уламои замони худ мумтозу байни алъўому алхўос бо эъзоз . Муддатӣ дар Кошон ва чанде дар деҳлӣу Ҳиндӯстон таваққуф дошта ва дар шуғли қазои ливои шӯҳрати афрошта . Охир аз ҳинд ба Кошон муроҷиат кард ва дар санаи 953 вафот ёфт . Ғараз , аз муҳаққиқину фузало маҳсӯб мешуду холӣ аз ҳоле набӯд . Ин чанд байт аз ашъор ӯст :
Гуфтӣ ки бигӯ мушкили худ то бигушоем
Гуфтан натавонам ба касе мушкилам ин аст
Ошиқ онаст ки ғамгини зайду шоди бимирад
То дами марг буд бандау озоди бимирад
Маҷнӯн чу хешро ҳамаи Лайлӣ хаёл кард
Аз ғайрати ҳамин ба касе ошно нашуд
Бигӯ як раҳи кҷоҷўими турои мардуми азин ҳайрат
Ки ҳар ҷониби ниҳодами гӯши овоз ту ме ояд