Исмаши мейри ъбдолбоқӣ . Аз фузалои замони худ афзал , ва аз ҳукамои авони худ акмал . Дар нигориши хати сулси мусаллам буд васияти камолоташ дар ақтори оламу асмоъ банӣ одами мунташир ва бо шоҳи аббоси мозии сафавии муошир . Дар вақти бунёди масҷиди ҷомеъи ҷадиди аббосии шоҳи мғФўр ба ҷиҳати навиштани китобаи масҷид ӯро аз Бағдод ба Исфаҳон талабед . Сайид ба сабаби истиғнои зотӣ қабул нанамуд . Сокини Бағдод ва аз олами озод буд . Баъди азгрФтни Бағдод ӯро ба Исфаҳон оварда , китобаи масҷидро навишт . Ин байт ва ду рубоӣ аз ӯст :
эй қадам наниҳода ҳаргиз аз дили тангами бурун
Ҳайратӣ дорам ки чун дар ҳрдлӣ ҷо карда Эй
рубоӣ
Меҳнати каши рӯзгори хешам чаҳ кунам
Дармондаи изтирори хешам чаҳ кунам
Давраст зи ҷабри ихтиёрам аммо
Маҷбур ба ихтиёри хешам чаҳ кунам
٭٭٭
Дар кӯии ҷаҳони чанги ҳавас соз макун
Худбинӣу худфурӯшӣ оғоз макун
Гар ком дилат нашуд муяссари мстиз
Аз баҳри ниёзи омадае ноз макун