Ҳикоят кунанд аз яке никмрд
Ки икроми ҳуҷҷоҷ Юсуф накард
Ба сарҳанги девон нигаҳ кард тез
Ки нтъш баёндоз ва хунаш бирез
Чу ҳуҷҷат намонад ҷафои ҷӯй ро
Ба пархош дар ҳам кашад рӯй ро
Бихандед ва бигирист марди худоӣ
Аҷаб дошт сангини дили тираи рой
Чу дидаш ки хандид ва дигар гирист
Бипурсед кин ханда ва гиря чист ?
Бигуфто ҳаме гарем аз рӯзгор
Ки Тифлон бечора дорам чаҳор
Ҳаме хандам аз лутфи яздони пок
Ки мазлӯм рафтам на золим ба хок
Писар гуфташ : эй номвари шаҳриёр
Яке даст аз ин мард сӯфӣ бидор
Ки халқӣ бар ӯ рӯй доранду пушт
На ройаст халқӣ ба як бори кишт
Бузургӣу афву карам пеша кун
зи хирадони атфолаш андеша кун
Шунидам ки нишнид ва хунаш бирехт
зи фармони довар ки донад гурехт ?
Бузургӣ дар он фикрати он шаб бихуфт
Ба хоб андараш дид ва пурсед ва гуфт :
Дамӣ беш бар ман сиёсат наронад
Уқубат бар ӯ то қиёмат бимонад
Нахуфта сети мазлӯм аз оҳаш битарс
зи дӯди дил субҳгоҳаш битарс
Натарсӣ ки поки андарунии шабӣ
Бар оради зи сӯзи ҷигар ё рабӣ ?
На Иблис бад кард ва некӣ надид ?
Бар пок ноед зи тухми палид