На бар ҳукми шаръи об хӯрдан хатост
Вагар хӯн ба фатво бирезӣ равост
Киро шаръ фатво диҳад бар ҳалок
Ало то надории зи куштанаши бок
Вагар донеи андари табораши касон
Бар эшон бибахшоӣу роҳати расон
Гунаҳ буд марди ситамкора ро
Чаҳ товони зану Тифли бечораро ?
Танат зӯрмандасту лашкари гарон
Валикин дар иқлӣми душмани марон
Ки вай бар ҳисории гурезади баланд
Расад кишварӣ бегунаҳро газанд
Назар кун дар аҳволи зиндониён
Ки мумкин буд бегунаҳ дар миён
Чу бозоргон дар диёрат бамурд
Ба молаши хисосат буд дастбурд
Каз он пас ки бар ваии бгринди зор
Ба ҳам боз гӯйанд хешу табор
Ки мискин дар иқлӣм ғурбат бамурд
Матоъӣ каз ӯ монад золими бабрад
Биандеш аз он тифлак бе падар
Вази оҳи дили дардмандаши ҳазар
Басои номи некӯии панҷоҳ сол
Ки як ном зишташ кунад поймол
Писандидаи корони ҷовиди ном
Татовул накарданд бар моли ом
Бар офоқ агар сар ба сари подшост
Чу мол аз тавонгар сетанд гадост
Бамурд аз туҳидастии озоди мард
зи паҳлавии мискини шикам пар накард