Шунидам ки тай дар замони расӯл
Накарданд маншури имони қабул
Фиристод лашкари бшири нзир
Гирифтанд аз эшон гуруҳеи асир
Бифармуд куштан ба шамшери кин
Ки нопок буданду нопоки дайн
Занӣ гуфт ман духтари ҳотамам
Бихоҳед аз ин номвари ҳокимам
Карам кун ба ҷои ман эй муҳтарам
Ки мавлои ман буд аз аҳли карам
Ба фармони пайғамбари неки рой
Кушоданд занҷираш аз дасту пой
Дар он қавм боқӣ ниҳоданд теғ
Ки ронанд сайлоби хӯн бе дареғ
Ба зорӣ ба шамшер зан гуфт зан
Маро низ бо ҷумла гардан бизан
Мурувват набинам раҳои зи банд
Ба танҳоу ёронами андари каманд
Ҳаме гуфту гирён бар аҳволи тай
Ба самъ расӯл омад овози вай
Ббхшўди он қавму дигари ато
Ки ҳаргиз накард аслу гавҳари хато