Раҳи ақли ҷузи печ бар печ нест

Бар орифони ҷузи худо ҳеҷ нест

Тавон гуфтани ин бо ҳақоиқи шинос

Вале хурда гиранд аҳли қиёс

Ки пас осмон ва замин чистанд ?

Банӣ одаму дом ва дад кистанд ?

Писандида пурседӣ эй ҳӯшманд

Бигӯям гар ояд ҷавобати писанд

Ки ҳомӯну дарёу кӯҳу фалак

Парӣу одамии зоду деву малик

Ҳама ҳарчӣ ҳастанд аз он камтаранд

Ки бо ҳастяш ном ҳастӣ баранд

Азимаст пеши ту дарё ба мавҷ

Баландаст хуршеди тобон ба авҷ

Вале аҳли сӯрати куҷо пай баранд

Ки арбоби маънӣ ба мулкӣ даранд

Кигар офтобаст як зарра нест

Вагар ҳафт дарёст як қатра нест

Чу султони иззати илм бар кашад

Ҷаҳони сар ба ҷайби адам дар кашад