Яке салтанати рони соҳиби шиква
Фурӯ хост рафт офтобаш ба кӯҳ
Ба шайхӣ дар он буқъа кишвар гузошт
Ки дар давраи қоим мақомӣ надошт
Чу хилват нишин кӯс давлат шунид
Дигар завқ дар кунҷ хилват надид
Чапу рост лашкар кашӣдан гирифт
Дили прдлон зу рамидан гирифт
Чунон сахт бозу шуду тези чанг
Ки бо ҷангҷуён талаб кард ҷанг
зи қавми пароканда халқӣ бикушт
Дигар ҷамъи гаштанд ва ҳам ройу пушт
Чунон дар ҳисораш кашиданд танг
Ки оҷиз шуд аз тирборону санг
Бар никмрдӣ фиристод кас
Ки саъбами фурӯмонда , фарёди рас
Ба ҳиммат мадад кун ки шамшеру тир
На дар ҳар вғоиӣ буд дастгир
Чу бишунид обид бихандед ва гуфт
Чаро ним ноне нахурд ва нахуфт ?
Надонист қоруни неъмати параст
Ки ганҷи саломат ба кунҷ андар аст