Бади андари ҳақи мардуми неку бад
магӯӣ эй ҷавонмарди соҳиби хирад
Ки бади мардро хасм худ ме кунӣ
Вагар нек мардаст бад ме кунӣ
Туро ҳар ки гуяд фалони кас бад аст
Чунон дон ки дар пӯстин худ аст
Ки феъли фалонро бибояд баён
Вази ин феъл бад мебарояд аён
Ба бади гуфтани халқ чун дам задӣ
Агар рости гӯйии сухани ҳам бадӣ
Забон кард шахсе ба ғайбати дароз
Бадв гуфт донандае сарфароз
Ки ёди касони пеши ман бад макун
Марои бадгумон дар ҳақ худ макун
Гирифтам зи тамкин ӯ кам ббўд
Нахоҳад ба ҷоҳи ту андар фузуд
Касе гуфту пиндоштам таййибат аст
Ки дуздии басомонтар аз ғайбат аст
Бадв гуфтам эй ёри ошуфтаи ҳуш
Шигифт омад ин достонам ба гӯш
Ба норостӣ дар чаҳ бинӣ баӣ
Ки бар ғайбаташ мартабат менаҳй ?
Балӣ гуфт дуздон таҳаввур кунанд
Ба бозуии мардии шикам пар кунанд
зи ғайбат чаҳ мехоҳад он содаи мард ?
Ки девон сияҳ кард ва чизе нахурд !