Тариқати шиносони собити қадам

Ба хилват нишастанд чанде ба ҳам

Яке зон миёни ғайбат оғоз кард

Дар зикри бечорае боз кард

Касе гуфташ эй ёри шӯридаи ранг

Ту ҳаргиз ғзо кардае дар фаранг ?

Бигуфт аз пас чори девори хеш

Ҳама умр наниҳодаам пои пеш

Чунин гуфт дарвеши содиқи нафас

Надидам чунин бахти баргаштаи кас

Ки кофари зи пайкораш эмин нишаст

Мусулмони зи ҷавр забонаш нараст

Чаҳ хуш гуфт девонаи мрғзӣ

Ҳадисӣ каз ӯ лаб ба дандони газӣ

Ман ар номи мардуми бзштӣ барам

Нагӯям ба ҷузи ғайбати модарам

Ки донандпарвардагон хирад

Ки тоъати ҳамон ба ки модари барад

Рафиқӣ ки ғоиб шуд эй неки ном

Ду чизаст аз ӯ бар рафиқони ҳаром

Яке он ки молаш ба ботил хуранд

Дувуми он ки номаш ба ғайбат баранд

Ҳар он кӯи баради номи мардум ба ор

Ту хайри худ аз ваии таваққуъи мадор

Ки андари қафоӣ ту гуяд ҳамон

Ки пеш ту гуфт аз пас мардумон

Касе пеши ман дар ҷаҳон оқил аст

Ки машғӯли худ вази ҷаҳон ғофил аст