Сиришта сети бории шифо дар асал

На чандон ки зӯр оварад бо аҷал

Асал хуш кунад зиндагонро мизоҷ

Вале дард мурдан надорад алоҷ

Рамақи мондаеро ки ҷон аз бадан

Баромад , чаҳ суди ангабин дар даҳан ?

Яке гурзи пӯлод бар мағз хӯрд

Касе гуфт сандал бимолаш ба дард

зи пеши хатар то туоне гурез

Валикин макун бо қазои панҷаи тез

Дарун то буд қобили шурбу акл

Бадани тоза рӯйасту покизаи шакл

Хароб онгаҳ ин хона гардад тамом

Ки бо ҳам насозанд табъу таом

Табоиътару хушк ва гармасту сард

Мураккаб аз ин чор табъаст мард

Яке зин чу бар дайгарӣ ёфт даст

Тарозуии адли табиати шикаст

Агар боди сард нафас нагзарад

Туфи меъдаи ҷон дар хурӯш оварад

Вагар дег меъда наҷӯшад таом

Тани нозанинро шавад кори хом

Дар ӣнон набандад дил , аҳли шинохт

Ки пайваста бо ҳамнахоҳанд сохт

Тавонои тани мадон аз хӯриш

Ки лутф ҳақат медиҳад парвариш

Ба ҳақаш кигар дида бар теғу корд

Наҳй , ҳақ шукраш нахоҳӣ гузорад

Чу рӯе ба тоъат наҳй бар замин

Худоро сногўӣ ва худро мубин

Гадоӣаст тасбеҳу зикру ҳузур

Гадоро набояд ки бошад ғурур

Гирифтам ки худ хидматӣ карда Эй

На пайвастаи иқтоъ ӯ хӯрдае ?