Нахуст ӯ иродат ба дил дар ниҳод
Пас ин банда бар остони сари ниҳод
Гар аз ҳақ на тавфиқ хайрӣ расад
Кӣ аз бандаи чизе ба ғайриӣ расад ?
Забонро чаҳ бинӣ ки иқрор дод
Бибин то забонро ки гуфтор дод
Дар маърифати дида одамӣ аст
Ки багушӯда бар осмон ва замӣ аст
Кяти фаҳм будӣ нишебу фароз
Гар ин дар накардӣ ба рӯй ту боз ?
Сар овараду даст аз адам дар вуҷӯд
Дар ин ҷӯад биниҳод ва дар он суҷуд
Вагарна кӣ аз даст ҷӯад омадӣ ?
Маҳоласт каз сар суҷуд омадӣ
Ба ҳикмат забон доду гӯши офарид
Ки бошанд сандӯқи дилро калид
Агар на забони қиссаи бардоштӣ
Кас аз сари дил кӣ хабар доштӣ ?
Вагар нестии саъии ҷосуси гӯш
Хабар кӣ раседӣ ба султони ҳуш
Марои лафзи ширин хонанда дод
Туро самъу идрок донанда дод
Мудоми ин ду чун ҳоҷибон бар даранд
зи султон ба султон хабар ме баранд
Чаҳ андешӣ аз худ ки феълам накӯаст ?
Аз он дар нигаҳ кун ки тавфиқ ӯст
Баради бўстонбон ба айвони шоҳ
Ба нўбоўаҳи гули ҳам зи бустони шоҳ