Қазои зиндаеро раг ҷон бурид
Дигар кас ба маргаш гиребон дарид
Чунин гуфт бинандае тези ҳуш
Чу фарёд ва зорӣ раседаш ба гӯш
зи дасти шумо мурда бар хештан
Гараш даст будӣ даридӣ кафан
Ки чандини зи тимор ва дардам мапӣч
Ки рӯзии ду пеш аз ту кардам бсич
Фаромӯш кардӣ магари марги хеш
Ки марги миннат нотавон карду риш
Муҳаққиқ ки бар мурдаи резади гулаш
На бар вай ки бар худ бисӯзад дилаш
зи ҳиҷрони тифлӣ ки дар хок рафт
Чаҳ нолӣ ? ки пок омад ва пок рафт
Ту пок омадӣ бар ҳазар бошу пок
Ки нангаст нопок рафтан ба хок
Кунун бояд ин мурғро пои баст
На онгаҳ ки сарриштаи барадати зи даст
Нишастӣ ба ҷой дигар каси басӣ
Нишинад ба ҷои ту дигар касе
Агар паҳливонӣ вагар тиғзн
Нахоҳӣ ба дар бурдани алои кафан
Хари ваҳш агар бугсаланд каманд
Чу дар рег монад шавад пои банд
Туро низ чандон буд дасти зӯр
Ки поят нарафта сет дар реги гӯр
Манеҳ дил бар ин солхурдаи макон
Ки гунбад напояд бар ӯ грдкон
Чу дай рафт ва фардо наомад ба даст
Ҳисоб аз ҳамин як нафас кун ки ҳаст