Машну эй дӯст ки ғайр аз ту маро ёрӣ ҳаст
ё шабу рӯз ба ҷузи фикри тавъам корӣ ҳаст
Ба каманди сари зулфат на ман афтодаму бас
Ки ба ҳар ҳалқаи мўӣит гирифторӣ ҳаст
Гар бигӯям ки маро бо ту сар ва корӣ нест
Дару девор гувоҳӣ бидиҳад корӣ ҳаст
Ҳар ки айбам кунад аз ишқ ва маломат гуяд
То надидааст туро , бар маниш инкорӣ ҳаст
Сабр бар ҷаври рақибат чаҳ кунам гар накунам ?
Ҳама донанд ки дар суҳбати гул , хорӣ ҳаст
На ман хоми тамаъ , ишқи ту май варзаму бас
Ки чу ман сӯхта дар хайли ту бисёре ҳаст
Бод , хокии зи мақом ту биовараду бабрад
Об ҳар таййиб ки дар кулба атторӣ ҳаст
Ман чаҳ дар пои ту резам , ки писанди ту буд ?
Ҷону сарро натавон гуфт ки миқдорӣ ҳаст
Ман аз ин далқи мураққаъ ба даройами рӯзӣ
То ҳама халқ бидонанд ки зуннорӣ ҳаст
Ҳамаро ҳаст ҳамин доғи муҳаббат , ки марост
Ки на мастами ман ва дар даври ту ҳушёрӣ ҳаст
Ишқи саъдӣ на ҳадисӣаст ки пинҳон монад
Достонӣаст ки бар ҳар сар бозорӣ ҳаст