На худ андари замини назир ту нест

Ки қамар чун рухи мунир ту нест

Надаҳум дил ба қаду қомати сарв

Ки чу болои дилпазир ту нест

Дар ҳамаи шаҳр эй камони абрӯ

Кас надонам ки сайди тир ту нест

Дили мардум дигар касе набард

Ки дилӣ нест кони асир ту нест

Гар бигирӣ назири ман чаҳ кунам ?

Ки маро дар ҷаҳони назир ту нест

Зоҳир онаст кони дил чу ҳадид

Дархури садр чун ҳарир ту нест

Ҳамаи олам ба ъшқбозӣ рафт

Номи саъдӣ ки дар замир ту нест