Ин ки ту дорӣ қиёматаст на қомат
Вена на табассум ки мӯъҷизасту каромат
Ҳар ки тамошоӣ рӯй чун қамарат кард
Сина сипар кард пеши тири маломат
Ҳар шабу рӯзӣ ки бету меравад аз умр
Бар нафасӣ меравад ҳазор надомат
Умр набӯд он чаҳ ғофил аз ту нишастам
Боқии умр истодаам ба ғаромат
Сарви хиромон чу қад муътадилат нест
Он ҳамаи васфаш ки мекунанд ба қомат
Чашми мусофир ки бар ҷамол ту афтод
Азми раҳилаш бадал шавад ба иқомат
Аҳли Фриқин дар ту хира бимонанд
Гар биравӣ дар ҳисобгоҳи қиёмат
Ин ҳамаи сахтӣу ноМуродии саъдӣ
Чун ту писандӣ саодатасту саломат