Чаҳ латифаст қабо бар тан чун сарви равонат
Оҳ агар чун камарам даст раседӣ ба миёнат
Дар дилам ҳеҷ наёяд магари андешаи васлат
Ту на онӣ ки дигар кас биншинад ба маконат
Гар ту хоҳӣ ки якеро сухан талх бигӯе
Сухан талх набошад чу барояд ба даҳонат
На ман ангушти намоям ба ҳаводории рӯят
Ки ту ангушти намое ва хилоиқ награнт
Дар андеша бибастам қалами ваҳми шикастам
Ки ту зеботар аз онӣ ки кунам васфу баёнат
Сарвро қомат хубасту қамарро рухи зебо
Ту на онӣ ва на инӣ ки ҳам инаст ва ҳам онат
эй рақиб ар нагушойӣ дар дилбанд ба рӯем
Ин қадари бознамоӣ ки дуо гуфт фалонат
Ман ҳамаи умр бар онам ки дуъогӯӣ ту бошам
Гар ту бошӣ ки набошам тани ман бархе ҷонат
Саъдё чора саботасту мудороу таҳаммул
Ман ки муҳтоҷ ту бошам бабрами бори грант