Сар таслим ниҳодем ба ҳукму роят
То чаҳ андеша кунад рои ҷаҳони ороят
Ту ба ҳар ҷо ки фурӯд омадӣ ва хайма задӣ
Каси дигари натавонад ки бигирад ҷоят
Ҳамчуи мстсқӣ бар чашмаи нӯшин зулол
Сайр натавон шудан аз дидани мҳроФзоит
Рўзгорист ки савдои ту дар сар дорам
Магарам сар баравад то баравад савдоят
Қадари он хок надорам ки бар ӯ май гузарӣ
Ки ба ҳар вақти ҳаме бӯса диҳад бар поят
Дӯстон айб кунандам ки набӯдӣ ҳушёр
То фурӯ рафт ба гули пои ҷаҳони паймоят
Чашм дар сар ба чаҳ кор ояду ҷон дар тани шахс
Гар таъаммул накунад сӯрати ҷони осоят
Дайгарӣ нест ки меҳри ту дар ӯ шояд баст
Ҳам дар ойӣна тавон дид магари ҳамтоят
Рӯз онаст ки мардуми раҳ саҳро гиранд
Хез то сарв бимонад хаҷал аз болоят
Дӯш дар воқеа дидам ки нигорин ме гуфт
Саъдё гӯш макун бар сухани аъдоят
Ошиқи содиқи дидори ман онгаҳ бошӣ
Ки ба дунё ва ба уқбо набӯд парвоят
Толиб онаст ки аз шер нигараданд рӯй
ё набояд ки ба шамшери бигардади роят