Зон гуҳ ки бар он сӯрати хубам назар афтод

Аз сӯрат бе тоқатем парда барофтод

Гуфтем ки ақл аз ҳамаи корӣ ба даройад

Бечора форуманд чу ишқаш ба сар афтод

Шамшер кашидаст назар бар сари мардум

Чун пой бидорам ки зи дастам сипар афтод

Дар сӯхта пинҳон натавон доштани оташ

Мо ҳеҷ нагуфтему ҳикоят ба дарафтод

Бо ҳар ки хабар гуфтам аз авсофи ҷамилаш

Муштоқ чунон шуд ки чу ман бехабар афтод

Ҳон то лаби ширини нстонди дилат аз даст

Кон каз ғам ӯ кӯҳ гирифт аз камар афтод

Соҳиби назарони ин нафаси гарм чу оташ

Донанд ки дар хирмани ман бештар афтод

Наякум назар афтод бар он манзари матбӯъ

Коўли назарам ҳар чаҳ вуҷӯд аз назар афтод

Саъдӣ на ҳарифи ғам ӯ буд валикин

Бо рустам дастон бузанд ҳар ки дарафтод