Ҳадиси ишқ ба тӯмор дар наме гунҷад

Баёни дӯст ба гуфтор дар наме гунҷад

Самоъи инс ки девонагон аз он мустанад

Ба самъи мардуми ҳушёр дар наме гунҷад

Муяссарат нашавад ошиқӣу мастурӣ

Вараъ ба хонаи хумор дар наме гунҷад

Чунон фарох нишастаст ёр дар дили танг

Ки беш заҳмати ағёр дар наме гунҷад

Туро чунон ки туе ман сифат надонам кард

Ки арзи ҷома ба бозор дар наме гунҷад

Дигар ба сӯрати ҳеҷ офарӣда дил надаҳум

Ки бо ту сӯрати девор дар наме гунҷад

Хабар ки медиҳад имшаби рақиби мискин ро

Ки саг ба зовияи ғор дар наме гунҷад

Чу гул ба бор буд ҳамнишин хор буд

Чу дар канор буд хор дар наме гунҷад

Чунон иродат ва шавқаст дар миёни ду дӯст

Ки саъии душмани хӯни хор дар наме гунҷад

Ба чашми дил ?назарет мекунам ки дидаи сар

зи барқи шуълаи дидор дар наме гунҷад

зи дӯстон ки туро ҳаст ҷой саъдӣ нест

Гадои миёни харидор дар наме гунҷад