Кас ин кунад ки дил аз ёр хеш бардорад ?
Магар касе ки дил аз санги сахт тар дорад
Ки гуфт ман хабарӣ дорам аз ҳақиқати ишқ ?
Дурӯғ гуфтгар аз хештан хабар дорад
Агар назар ба ду олам кунад ҳаромаши бод
Ки аз сафои дарун бо яке назар дорад
Ҳалоки мо ба биёбон ишқ хоҳад буд
Куҷост мард ки бо мо сар сафар дорад ?
Гар аз муқобила шер ояд аз ақаби шамшер
На ошиқаст ки андеша аз хатар дорад
Вагар биҳишт мусаввир кунанд ориф ро
Ба ғайр дӯст нишоед ки дида бардорад
Аз он матоъ ки дар пой дӯстон резанд
Маро сиррӣаст ; надонам ки ӯ чаҳ сар дорад
Дареғи пой ки бар хок май наад маъшӯқ
Чаро на бар сар ва бар чашми мо гузар дорад ?
Авом айб кунандам ки ошиқии ҳамаи умр
Кадоми айб ? ки саъдии худ ин ҳунар дорад
Назар ба рӯй ту андохтани ҳаромаши бод
Ки ҷузи ту дар ҳамаи олам касе дигар дорад