Ғуломи он сабки рӯҳам ки бо ман сар гарон дорад
Ҷавобаши талху пиндории шукри зер забон дорад
Марогар дӯстӣ бо ӯ ба дӯзах май барад шояд
Ба нақд андар биҳиштаст он ки ёрӣ меҳрбон дорад
Касеро кохтёрӣ ҳасту маҳбӯбӣу машрӯбӣ
Мурод аз бахту ҳазз аз умру мақсӯд аз ҷаҳон дорад
Бурун аз хӯрдан ва хуфтан ҳаётӣ ҳаст мардум ро
Ба ҷонон зиндагонӣ кун бҳоем низ ҷон дорад
Муҳаббат бо касе дорам каз ӯ бохуд наме оем
Чу булбул каз нишоти гули фироқ аз ошён дорад
На мардигар ба шамшер аз ҷафои дӯсти баргардӣ
Дуҳулро кондрўн бодаст зи ангуштӣ фиғон дорад
Ба ташвиши қиёмат дар ки ёр аз ёр бигурезад
Муҳиб аз хок бархезад муҳаббат ҳамчунон дорад
Хуш омад боди наврӯзӣ ба субҳ аз боғи пирӯзӣ
Ба буи дӯстон монад на буи бӯстон дорад
Яке сар бар канори ёру хоби субҳи муставле
Чаҳ ғам дорад зи мискинӣ ки сар бар остон дорад
Чу саъдии ишқ танҳо бозу роҳати байну осоиш
Ба танҳо малик меронад ки манзурӣ ниҳон дорад