Камони сахт ки дод он латифи бозуро ?

Ки тир ғамза тамомаст сайди оҳӯ ро

Ҳазор сайди дилати пеши тир боз ояд

Бад-ӣни сифат ки ту дории камони абрӯ ро

Ту худ ба ҷавшану бргстўон на муҳтоҷӣ

Ки рӯзи маърака бар худ зира кунӣ мӯ ро

Диёри ҳинду ақолим тарк бисипоранд

Чу чашми тарки ту бенанду зулфи ҳиндӯ ро

Муғон ки хизмат бут мекунанд дар Фархор

Надидаанд магари дилбарони бути рӯ ро

Ҳисори қалъаи боғӣ ба манҷаниқи мада

Ба бом қаср барафкан каманди гесу ро

Маро ки азлати анқои грФтмии ҳамаи умр

Чунон асир гирифтӣ ки бози тиҳу ро

Лабат бидидаму лаълами биўФтод аз чашм

Сухан бигуфтӣ ва қимат бирафт лؤлؤ ро

Баҳои рӯй ту бозори моҳ ва хур бишикаст

Чунон ки мӯъҷизи Мӯсои тилисми ҷодӯ ро

Ба ранҷи бурдани беҳуда ганҷ натавон барад

Ки бахти рости фазилат , на зӯри бозу ро

Ба ишқ рӯй накӯи дил касе диҳад саъдӣ

Ки эҳтимол кунад хуии зишти некӯ ро