То ҳоли миннат хабар набошад
Дар кори миннат назар набошад
То қӯти сабр буд кардем
Дигар чаҳ кунем агар набошад
Ойини вафоу меҳрбонӣ
Дар шаҳри шумо магар набошад
Гӯйанд назар чаро нбстӣ
То машғала ва хатар набошад
эй хоҷа бирав ки ҷаҳди инсон
Бо тири қазо сипар набошад
Ин шӯр ки дар сараст мо ро
Вақте баравад ки сар набошад
Бечора куҷо равад гирифтор
Каз кӯии ту раҳ ба дар набошад
Чун рӯй ту длФрибу дилбанд
Дар рӯй замин дигар набошад
Дар порси чунин намак надидам
Дар Мисри чунин шукр набошад
Гар ҳукм кунӣ ба ҷони саъдӣ
Ҷон аз ту азизтар набошад