Туро нодидан мо ғам набошад

Ки дар хайлат ба аз мо кам набошад

Ман аз дасти ту дар олами нуҳум рӯй

Валикин чун ту дар олам набошад

Аҷабгар дар чамани барпои хезӣ

Ки сарви рости пешат хам набошад

Мабодо дар ҷаҳони дилтанги рӯе

Ки рӯят бинад ва хуррам набошад

Ман аввал рӯз донистам ки ин аҳд

Ки бо ман мекунӣ муҳкам набошад

Ки донистам ки ҳаргизи созгорӣ

Париро бо банӣ одам набошад

Макун ёрои дилам маҷрӯҳ магузор

Ки ҳеҷам дар ҷаҳон марҳам набошад

Биё то ҷони ширин дар ту резам

Ки бухлу дӯстӣ бо ҳам набошад

Нахоҳам бе ту як дами зиндагонӣ

Ки таййиби айш беҳамдам набошад

Назар гӯйанд саъдӣ бо ки дорӣ

Ки ғам бо ёри гуфтан ғам набошад

Ҳадиси дӯст бо душман нагӯям

Ки ҳаргизи муддаӣ муҳаррам набошад